Ташкили дўконҳои фурўши гиёҳҳои шифобахш дар Суғд
Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои ҷалби сармоягузорони ватанию хориҷӣ ва ворид намудани таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳати ба роҳ мондани коркарди гиёҳҳои шифобахш дар дохили ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои воридкунанда, аз ҷумла ҶДММ «Эмити Интернейшнл», ҶДММ «Фарм Стандарт», ҶДММ «Мижгона», ҶДММ «Фарм Мед» 18 номгўй гиёҳҳои шифобахши гуногун ба миқдори 22012 қуттӣ вориди ҷумҳурӣ гардид.То имрўз дар миқёси вилояти Суғд нуқтаҳои «Гиёҳҳои шифобахш» (фитобар) дар осоишгоҳи «Зумрад» — и шаҳри Исфара, беморхонаи клиникии вилоят, Маркази «Табибони шафқат», осоишгоҳҳои «Қайроққум» ва «Баҳористон» — и шаҳри Қайроққум ташкил гардидаанд.Соли 2011 аз тарафи муассисаҳои давлатии хоҷагии ҷангали вилоят гиёҳҳои шифобахш ва маҳсулоти дорувории табиӣ, аз қабили пудина, ҳазориспанд, ғазна, кокутӣ, ҳулба, чойкаҳак, пиҷма ба миқдори беш аз 2 тонна ҷамъоварӣ шудааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар оянда ташкили дўкони фурўши гиёҳҳои шифобахшро дар ҳудуди беморхонаю марказҳои саломатии шаҳри Хуҷанд ба нақша гирифтааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






