Ташкили «Феҳрасти давлатии адабиёти динӣ»
Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). –Дар давоми соли хисоботӣ тибқи нақшаи тартибдодаи Кумитаи оид ба корҳои дин масъулин назорати риояи талаботи моддаҳои 17 ва 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”-ро дар нуктаҳои китобфурӯшӣ ва навофурӯшии ноҳияҳои Сино, Шоҳмансур, Сомонӣ ва Фирдавсии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Ҳисор ва Шаҳринав пайваста зери назорат гирифта, дар якҷоягӣ бо бахшҳо оид ба корҳои дини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Вазорати фарҳанг ва Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои “Тоҷиккино” рейдҳои муштарак гузарониданд. Дар натиҷаи гузаронидани рейдҳо истеҳсол, фурӯш ва паҳн кардани ашёву маводи таъиноти динӣ бо роҳҳои ғайриқонунӣ, хусусан наворҳои дорои мавъизаҳои тафриқаангез пешгирӣ карда шуд, — иброз доштанд масъулини Кумитаи мазкур ба хабарнигорони ВАО.Ҷиҳати ташкили хазинаи маълумот оид ба маводе, ки мавриди ташхиси давлатии диншиносӣ қарор гирифтааст, «Феҳристи давлатии адабиёти динӣ (исломӣ ва ғайриисломӣ)» тартиб дода шудааст. То имрӯз ба феҳристи мазкур 514 номгӯй адабиёти динӣ(482 номгӯи исломӣ ва 32 номгӯй ғайриисломӣ) ворид гардидааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






