Ташкили шабакаи ягонаи иттилоотӣ дар Кумитаи андоз
Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Бо мақсади иҷрои супориши Президенти мамлакат ҷиҳати ташкили шабакаи ягонаи иттилоотӣ ва таъмини табодули электронии маълумот байни мақомоти андоз, гумрук, бонкҳо ва дигар соҳаҳо имрӯз дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ баргузор гардид. Дар машварат қайд гардид, ки барои ташкили шабакаи ягонаи иттилоотӣ ва дуруст ба роҳ мондани табодули электронии маълумот байни мақомоти лозимӣ таҳияву тасдиқ ва ба қонунҳои зикршуда нахуст лозим аст, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда мутобиқ карда шаванд. Дар чорабинии имрӯза ҳамзамон гурӯҳи корӣ лоиҳаи дастурамал дар бораи тартиби сабти рақами мушаххаси андозсупоранда ва рамзҳои гурӯҳбандии даромадҳои андозиро дар супоришномаҳои пардохтӣ ҳангоми гузаронидани маблағи андоз ба буҷети давлатӣ тавассути Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода, дар ин бобат пешниҳод ва фикру мулоҳизаҳои судманд иброз карданд. Мавриди зикр аст, ки дастурамали мазкур дар асоси моддаҳои 45, 79 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастурамали Бонки Миллии Тоҷикистон “Дар бораи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия гардидааст. Лозим ба таъкид аст, ки ба ғайр аз мақомоти андоз, гумрук ва бонкҳо ҷиҳати дар сатҳи замонавӣ ба роҳ мондани фаъолият ва хизматрасонӣ ба шаҳрвандон дар кӯтоҳтарин мӯҳлат миёни Вазорати корҳои дохилӣ, Хоҷагии манзилию коммуналӣ, Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шабакаи ягонаи иттилоотиро роҳандозӣ хоҳанд намуд, ки ин омил барои дастрасии маълумотҳои дақиқу зарурӣ барои назорати минбаъдаи таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои андозсупорандагон мусоидат менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






