Ташкили ярмаркаҳо идома дорад
Кӯлоб, 14 январ.(АМИТ «Ховар», С.Холов). — Соли гузашта дар шаҳру ҷамоатҳои ҳудуди шаҳри Кўлоб 12 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида шудааст. Ба гуфтаи масъулини ҳукумати шаҳри Кўлоб, барои беш аз 3 ҳазор нафар дар бахшҳои мухталифи хоҷагии халқ ҷойҳои кории нав таъсис дода шудааст. Аз ин ҳисоб 162 нафар хоҳишманд тибқи роҳхат бо ҷои кор таъмин шуданд. — Мо дар соли 2012 низ ташкили ярмаркаҳои ҷойҳои нави кориро идома медиҳем ва сокинони бештарро бо ҷои кор таъмин мекунем,-изҳор доштанд масъулини мақомоти марбута дар нишасти матбуотии ҳукумати шаҳри Кўлоб.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






