Ташрифи Дирк Меганк идома дорад
Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Сафари кории ҳайат бо роҳбарии Директори бахши кишварҳои Осиё, Осиёи Марказӣ ва уқёнуси Ором, директори оид ба рушду ҳамкории Комиссияи Аврупо Дирк Меганк дар шаҳри Душанбе идома дорад. Вазорати корҳои хориҷии ҶТ бо мақсади муҳокимаи доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон, таҳқиқи бахшҳои иқтисод, ҳамчунин муайян намудани самтҳои асосии афзалиятноки ҳамкорӣ барои стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо мулоқоту гуфтушуниди ҳайатро бо муовини аввали Сарвазири мамлакат Матлубхон Давлатов, муовини Сарвазир Муродалӣ Алимардон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент Бахтиёр Худоёров, вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири тандурустӣ Нусратулло Салимов, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов, вазири мелиоратсия ва захираҳои об Раҳмат Бобокалонов, ҳамчунин бо роҳбарияти Вазорати энергетика ва саноат ва намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ташкил намуд. Ҳайат дар ҷараёни сафараш бо муовини аввали сардори Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ генерал – майор Шараф Файзуллоев ва роҳбарони намояндагиҳои ниҳодҳои молиявию бонкии муқими Тоҷикистон мулоқот анҷом доданист. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






