Таваллудхона бо таҷҳизоти нав таъмин шуд
Хоруғ, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Шӯъбаи таваллуди беморхонаи марказии вилоят баъд аз таъмири ҳуҷраҳои беморон ва зоишгоҳ дубора ба фаъолият шурӯъ кард. Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи тандурустӣ, шӯъбаи таваллуд дар замони шӯравӣ сохта шуда ва ба талаботи замон ҷавобгӯ нест. Соли 2011 Президенти кишвар ҳангоми ташриф ба вилоят хишти нахустини таваллудхонаи нави вилоятиро гузошта буд. Шӯъбаи таваллуд дорои 40 кати хоб ва ҳудуди 18 ҳуҷра барои муолиҷаи беморон ва ду зоишгоҳ буда, чанде пеш аз тарафи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҷҳизот ва васоили нави ташхисӣ таъмин карда шуд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






