Тоҷикистон бо Ӯрдун ва Буркина Фасо муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд

Январь 16, 2012 15:13

Душанбе, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 13 январ дар шаҳри Ню – Йорк маросими имзои баённомаи муштарак дар бораи барқарор намудани муносибатҳои дипломатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Ҳошимитии Ӯрдун баргузор гардид. Баённомаи муштаракро Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов ва Намояндаи доимии Шоҳигарии Ҳошимитии Ӯрдун дар СММ Шоҳзода Зайд Раъд Зайд ал – Ҳусейн имзо намуданд. Баъди маросими имзои баённома сафирони Тоҷикистон ва Ӯрдун аз рӯи масъалаҳои барқарор намудан ва рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан муфиди байни ҳар ду кишвар, ҳамчунин перомуни масъалаҳои мухталифи рӯзномаи СММ табодули афкор намуданд.Ҳамчунин 12 январи соли 2012 дар Ню – Йорк байнномаи муштарак дар бораи барқарор намудани муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Буркина Фасо имзо гардид. Баённомаи муштаракро Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов ва Намояндаи доимии Буркина Фасо дар СММ Дер Когда имзо намуданд.Сафирони Тоҷикистон ва Буркина Фасо аз рӯи масоили барқарор намудан ва рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан муфиди байни ҳар ду кишвар, ҳамчунин перомуни масоили мухталифи рӯзномаи СММ табодули афкор намуданд.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Январь 16, 2012 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Душанбе мизбони ҷаласаи навбатии Шурои ҳамкории фарҳангии ИДМ мегардад
Рушди робитаҳои иқтисодию молиявии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Хатлон даври вилоятии озмун оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Хоруғ маркази савдои муосир ба истифода дода шуд
Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Дар Суғд даври вилоятии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷавонони Осиё Марказӣ дар Ашқобод иштирок намуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид