Тоҷикистону Австрия монеаҳоро рахна месозанд

Январь 19, 2012 15:22

 Душанбе, 19 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия доир ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми палатаи поёнии парлумони мамлакат, ки 19 январ таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон баргузор шуд, муҳокима ва тасдиқ гардид. Зимни баррасии Конвенсия Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи ҷумҳурӣ ва Ашӯрбег Расулов, вакили Маҷлиси намояндагон афзалияту аҳамияти онро эзоҳ доданд. Зикр шуд, ки Конвенсия бо мақсади бартараф намудани андозбандии дукарата аз даромад ва сармоя, афзун гардидани савдои байнидавлатӣ, рушди минбаъдаи ҳамкории иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Австрия ба имзо расидааст. Эътибор пайдо кардани ин санад имкон медиҳад, ки андозбандии даромад, амвол, музди меҳнат ва сармояи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар ҳар ду кишвар ба танзим дароварда шуда, ҳар чӣ бештар инвеститсияи хориҷӣ ҷиҳати рушди иқтисодиёти кишвар ҷалб карда шавад. Тибқи маълумоти оморӣ ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистону Австрия дар соли 2010 беш аз 10 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки сабаби асосии нокифоя будани он вуҷуди монеаҳо дар масъалаи андозбандӣ мебошад. Вакили Маҷлиси намояндагон Исмоил Талбаков зимни баррасии санади мазкур аз вазири молия пурид, ки бо тасдиқи ин конвенсия ҳаҷми воридот ба буҷаи кишвар аз ҳисоби андозҳо коҳиш меёбад ва қисми даромади буҷаи кишвар аз ҳисоби кадом сарчашмаҳо пурра карда мешавад? Дар посух ба саволи Исмоил Талбаков вазири молия гуфт, ки дар Конвенсия сухан дар бораи панҷ намуди андозбандии дукарата, пеш аз ҳама андози даромад аз шахсони воқеӣ, андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ, амвол, андози корпоративӣ ва андоз аз корхонаҳои кишоварзии соҳаи ҷангал меравад. То имрӯз, афзуд вазир, ҳамкорӣ дар ин соҳаҳо байни Тоҷикистону Австрия дар сатҳи паст қарор доранд. Андозбандӣ ба буҷа қариб, ки нест ва талафи фискалӣ моро таҳдид намекунад, баръакс баъди тасдиқи ин санад ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон бо ин кишвари аврупоӣ густариш меёбанд, мегӯяд вазир. Конвенсияи мазкур аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тасдиқ ба палатаи поёнии парлумони мамлакат пешниҳод шудааст. Ин санади байнидавлатӣ 17 июни соли 2011 дар ҷараёни сафари расмии Сардори давлати Тоҷикистон ба кишварҳои аврупоӣ дар Вена ба имзо расидааст. Он ҷиҳати ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо имконияти бештарро фароҳам меорад.

Январь 19, 2012 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт