Туҳфа ба китобхонаҳои Тоҷикистон
Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Муаллифони китоби «Сиёсати давлатии Президент Эмомалӣ Раҳмон ва рушди устувори Тоҷикистон» ҳамаи нусхаҳои нашри якуми китобро ба таври ройгон дар ихтиёри Вазорати фарҳанги ҶТ гузоштанд. Тавре яке аз муаллифони китоб, мушовири калони сарвари давлат Зафар Сайидзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод, вақтҳои наздиктарин китобҳо тавассути китобхонаи ҷумҳуриявӣ байни китобхонаҳои кишвар тақсим карда мешаванд.Чунон ки пештар хабар дода шуда буд, дар оғози соли нав китоби таҳлилии мушовири калони сарвари давлат Зафар Сайидзода ва корманди масъули дастгоҳи марказии ВКХ ҶТ Фаридун Саидов ба забони тоҷикӣ аз чоп баромад. Муаллифони китоб хусусияту натиҷаҳои асосии фаъолияти сиёсии Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмонро тайи 19 сол дар партави рушди устувори кишвар ва муносибатҳои сиёсии хориҷии он таҳлил ва арзёбӣ менамоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






