Виктория Азаренко ва Новак Ҷокович-ғолибони Australian Open
Душанбе, 30 январ. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).-Теннисбози машҳури Беларус Виктория Азаренко бори аввал дар таърихи худ барандаи ҷоми кушоди Australian Open оид ба теннис гардид. Дар вохӯрии ниҳоӣ ӯ тавонист ситораи тенниси рус- Мария Шараповаро дар ду баст( 6:3, 6:0) мағлуб намуда, ба пирӯзи комёб шавад. Баъди ин ғалаба Виктория дар феҳристи WTA ба ҷои аввал баромад ва ҳамакнун дар байни занон теннисбози якуми ҷаҳон ба хисоб меравад. Мария Шарапова дар зиннаи сеюми феҳристи ҷахонист.Байни мардон дар вохӯрии ниҳоӣ Новак Ҷоковичи серб бар Рафаел Наддали испанӣ дар панҷ сет ғалабаи душвори худро(5:7, 6:4, 6:2, 6:7 (5-7), 7:5) ба даст оварда, чемпион шуд. Ин вохӯрӣ тақрибан шаш соат давом кард ва он ҳамчун рекорд дар давомнокии вохӯриҳои ниҳоӣ ба қайд гирифта шуд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






