Вохӯрӣ бо намояндагони мақомоти тафтишотии Русия
Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Соли гузашта масъалаи латукӯби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Русия боиси нигаронии зиёди ҷомеаи кишвар, аз ҷумла роҳбарият ва ҳукумати ҷумҳурӣ гардида, мавзӯъ мавриди пайгирии ҷиддии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафорати кишвар дар Русия қарор гирифт. Дар ин росто сафорат дар давоми сол бо ниҳодҳои вобастаи Федератсияи Русия пайваста дар тамосу гуфтушуниди лозимӣ буд.Ҳанӯз 3 феврали соли 2011 дар иртибот ба навори даҳшатоваре, ки дар он як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (мутаассифона, ному насаби хонаводагӣ ва мушаххасоти дигари ӯ ҳанӯз муайян нест), аз ҷониби чанд тан ҷавони миллатгарои рус мавриди латукӯб ва шиканҷа қарор гирифта буд. Сафорати Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия ёддошти эътирозиеро ҳамроҳ бо навори дар интернет паҳншуда фиристода буд.Дирӯз доир ба ин масъала вохӯрии кормандони сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо намояндагони мақомоти тафтишотии Раёсати шаҳрии Вазорати корҳои дохилии шаҳри Маскав доир гардид. Дар вохӯрӣ муфаттиш Павел Юшенко кормандони сафоратро бо корҳои мушаххасе, ки вобаста ба кушодани он ҷиноят анҷом гирифтаанд, дар ҷараён гузошта, таъкид кард, ки мавзӯъ мавриди назорати қатъии роҳбарияти ниҳодҳои дахлдор, аз ҷумла Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия қарор гирифтааст. Ҳамзамон номбурда аз мушкили ҷиддие, ки дар раванди таҳқиқу тафтиши дақиқ вобаста ба муайян кардан ва пайдо намудани он шаҳрванди ҷабрдида пеш омадааст, хотирнишон кард. Ба гуфти муфаттиш, баъзе миллатгароёни гумонбар маълум карда шудаанд, аммо то ҳанӯз пайдо нашудани шахси ҷабрдида метавонад боиси душвориҳо дар пешрафти кори тафтишотӣ гардад.Аз ин рӯ сафорати ҶТ дар Русия бо назардошти дархости ҷониби Русия бори дигар аз кулли ҳамватанонамон новобаста ба кишвари сукунат ё маҳалли будубош хоҳиш менамояд, то дар бораи шаҳрванди ҷабрдидаи Тоҷикистон (ба акс нигаред), агар иттилое дошта бошанд, ба сафорат пешниҳод намоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






