Вохӯрӣ бо намояндагони мақомоти тафтишотии Русия

Январь 26, 2012 11:47

Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Соли гузашта масъалаи латукӯби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Русия боиси нигаронии зиёди ҷомеаи кишвар, аз ҷумла роҳбарият ва ҳукумати ҷумҳурӣ гардида, мавзӯъ мавриди пайгирии ҷиддии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафорати кишвар дар Русия қарор гирифт. Дар ин росто сафорат дар давоми сол бо ниҳодҳои вобастаи Федератсияи Русия пайваста дар тамосу гуфтушуниди лозимӣ буд.Ҳанӯз 3 феврали соли 2011 дар иртибот ба навори даҳшатоваре, ки дар он як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (мутаассифона, ному насаби хонаводагӣ ва мушаххасоти дигари ӯ ҳанӯз муайян нест), аз ҷониби чанд тан ҷавони миллатгарои рус мавриди латукӯб ва шиканҷа қарор гирифта буд. Сафорати Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия ёддошти эътирозиеро ҳамроҳ бо навори дар интернет паҳншуда фиристода буд.Дирӯз доир ба ин масъала вохӯрии кормандони сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо намояндагони мақомоти тафтишотии Раёсати шаҳрии Вазорати корҳои дохилии шаҳри Маскав доир гардид. Дар вохӯрӣ муфаттиш Павел Юшенко кормандони сафоратро бо корҳои мушаххасе, ки вобаста ба кушодани он ҷиноят анҷом гирифтаанд, дар ҷараён гузошта, таъкид кард, ки мавзӯъ мавриди назорати қатъии роҳбарияти ниҳодҳои дахлдор, аз ҷумла Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия қарор гирифтааст. Ҳамзамон номбурда аз мушкили ҷиддие, ки дар раванди таҳқиқу тафтиши дақиқ вобаста ба муайян кардан ва пайдо намудани он шаҳрванди ҷабрдида пеш омадааст, хотирнишон кард. Ба гуфти муфаттиш, баъзе миллатгароёни гумонбар маълум карда шудаанд, аммо то ҳанӯз пайдо нашудани шахси ҷабрдида метавонад боиси душвориҳо дар пешрафти кори тафтишотӣ гардад.Аз ин рӯ сафорати ҶТ дар Русия бо назардошти дархости ҷониби Русия бори дигар аз кулли ҳамватанонамон новобаста ба кишвари сукунат ё маҳалли будубош хоҳиш менамояд, то дар бораи шаҳрванди ҷабрдидаи Тоҷикистон (ба акс нигаред), агар иттилое дошта бошанд, ба сафорат пешниҳод намоянд.

Январь 26, 2012 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад