Вохӯрии роҳбарони ноҳияи Шоҳмансур дар Донишкадаи иқтисод
Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева). – 20 январ дар Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон дар асоси қарори Раиси ноҳияи Шоҳмансур «Дар бораи созмон додани Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ҷиҳати фаҳмонидани вазъи сиёсӣ, таблиғоти ҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ дар байни аҳолии ноҳияи Шоҳмансур» ва ҷадвали пешакӣ тасдиқшуда вохӯрӣ бо аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва устодону донишҷӯён баргузор гардид. Дар он раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, раиси ноҳияи Шоҳмансур Самандар Бобоев, муовинони ӯ, прокурори ноҳия, сардори шӯъбаи корҳои дохилӣ ва дигар аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ иштирок намуда, дар бораи вазъи сиёсӣ дар кишвар, пешгирии ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ҳарф гуфтанд.Ректори донишкада Нозимҷон Нидоев иқдоми пешгирифтаи раиси ноҳияро падидаи нек шуморида, ба онҳо барори кор таманно намуд. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Донишкадаи иқтисод Амир Вазиров хабар дод.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






