Вохӯрии роҳбарони ноҳияи Шоҳмансур дар Донишкадаи иқтисод

Январь 21, 2012 10:47

Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева). – 20 январ дар Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон дар асоси қарори Раиси ноҳияи Шоҳмансур «Дар бораи созмон додани Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ҷиҳати фаҳмонидани вазъи сиёсӣ, таблиғоти ҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ дар байни аҳолии ноҳияи Шоҳмансур» ва ҷадвали пешакӣ тасдиқшуда вохӯрӣ бо аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва устодону донишҷӯён баргузор гардид. Дар он раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, раиси ноҳияи Шоҳмансур Самандар Бобоев, муовинони ӯ, прокурори ноҳия, сардори шӯъбаи корҳои дохилӣ ва дигар аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ иштирок намуда, дар бораи вазъи сиёсӣ дар кишвар, пешгирии ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ҳарф гуфтанд.Ректори донишкада Нозимҷон Нидоев иқдоми пешгирифтаи раиси ноҳияро падидаи нек шуморида, ба онҳо барори кор таманно намуд. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Донишкадаи иқтисод Амир Вазиров хабар дод.

Январь 21, 2012 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад