Вуруди 135,5 миллион сомонӣ ба буҷа аз ҳисоби бақияи қарзи андозҳо

Январь 20, 2012 13:55

Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – «Бақияи қарзи андозҳо дар миқёси ҷумҳурӣ то 1 январи соли 2012 529,6 млн. сомониро ташкил дода ва нисбат ба 1 январи соли 2011 ба андозаи 154 млн. сомонӣ кам шудааст. Аз ҷумла, қарзи андози иҷтимоӣ 82,3 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали соли 2011 2,5 млн. сомонӣ коҳиш ёфтааст,- гуфт зимни нишасти матбуотӣ Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Зикр шуд, ки ҳиссаи бақияи қарзи андозу пардохтҳо дар ҳаҷми воридот дар соли 2011 14 фоизро ташкил дода ва нисбат ба нишондоди соли 2010-ум 9 фоиз кам гаштааст.Мақомоти андоз дар доираи ваколатҳои худ бо мақсади маҷбуран ситонидани бақияи қарзи андозу пардохтҳо 1888 қарор ба маблағи 184 млн. сомонӣ қабул намуд. Аз ҳисоби ин қарорҳо то 1 январи соли 2012 ба буҷа 135,5 млн. сомонӣ ворид шуд. Ҳамзамон тибқи тартиби судии маҷбуран ситонидани бақияи қарзи андозу пардохтҳо 14,7 миллион сомонӣ ба буҷаи давлат ворид карда шудааст, тазаккур дод Н. Давлатов.

Январь 20, 2012 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд