Ёддошт ба имзо расид

Январь 25, 2012 14:45

Хоруғ, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Роҳбарияти минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ва Ассосиатсияи соҳибкорону фермерҳои кӯҳистон – «Милал – интер» ёддоштро дар мавриди густариш бахшидани ҳамкорию ҳамдигарфаҳмӣ ба имзо расониданд. Дар ин ҳуҷҷат гуфта мешавад, ки вазифаи афзалиятноки ҳар ду ҷониб иборат аз рушди тиҷорату соҳибкорӣ дар минтақаи Бадахшон бо василаи истифодаи оқилонаи захираҳои бойи табиӣ мебошад. Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» яке аз воситаю роҳҳои муҳими рушди савдои дохилию хориҷӣ, афзоиши истеҳсолоти саноатӣ ва ҷалби сармояи мустақим на фақат дар ВМКБ, балки дар ҷумҳурӣ низ мебошад. — Фаъолияти пурсамари маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ пеш аз ҳама ба кадрҳои баландихтисос вобастааст, ки онҳоро дар марҳилаи аввал дар заминаи барномаҳои мутобиқшуда пайваста дар ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷаҳонӣ тайёр кардан мумкин аст, — мегӯяд раиси Ассосиатсияи соҳибкорони вилоят Боймаҳмад Алибахшов.

Январь 25, 2012 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад