Захираи «Тоҷикматлубот» зиёд аст

Январь 24, 2012 11:52

Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – «Корхонаҳои истеҳсолии соҳаи Иттифоқи Тоҷикматлубот дар соли сипаригашта ба маблағи 21,3 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 ба маблағи 3,5 млн. сомонӣ зиёд аст», — гуфт 24 январ, зимни нишасти матбуотӣ Раиси Иттифоқи Тоҷикматлубот Сироҷиддин Валиев. Аз рӯи иттилои ӯ дар бозорҳои соҳа дар соли ҳисоботӣ ба маблағи 3,8 млн. сомонӣ хизмати пулакӣ расонида шуд ва ҳаҷми маблағи пардохти яквақта 11 млн. сомониро ташкил дод. «Бояд гуфт, ки то имрӯз бо хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ ва дигар истеҳсолкунандагон барои харид ва захираи маҳсулоти кишоварзӣ 726 шартномаи тарафайн баста шудааст», — афзуд С. Валиев. Маврид ба зикр аст, ки дар соҳа дар соли сипаригашта ба миқдори 23 ҳазору 413 тонна маҳсулот захира шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2010 ба андозаи 2 ҳазору 875 тонна зиёд аст.

Январь 24, 2012 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад