Заминҳои наздиҳавлигиро кӣ тақсим кард?

Январь 23, 2012 09:08

Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо мақсади ба роҳ мондани тақсимоти одилона ва шаффофи заминҳои наздиҳавлигӣ ва татбиқи Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ «Дар бораи гирифтан ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо додани қитъаҳои замин» дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ комиссияи ҷамъиятӣ таъсис дода шуд,- иброз доштанд дар Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ ба мухбири АМИТ «Ховар». Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2011 барои эҳтиёҷмандон 24 ҳазору 622 гектар замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид, ки аз ин ҳисоб барои аҳолии эҳтиёҷманди вилояти Суғд ба андозаи 9 ҳазору 621 гектар, барои аҳолии эҳтиёҷманди вилояти Хатлон 8 ҳазору 385 гектар, барои ВМКБ – 167 ва барои аҳолии эҳтиёҷманди ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 6 ҳазору 449 гектар замин ҷудо карда шудааст, ки то моҳи январи соли 2012 дар вилояти Суғд аз ҳисоби замини ҷудошуда 6449 гектар, дар вилояти Хатлон 4749 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1161 гектар аз ҷониби комиссияҳои ҷамъиятӣ ба шаҳрвандон тақсим карда дода шудааст.

Январь 23, 2012 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад