Занҳои роҳбарикунанда аниқ шуданд

Январь 24, 2012 10:34

Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар нишасти матбуотие, ки Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ доир намуд, раиси кумита Сумангул Тағоева иброз дошт, ки дар соли 2011 ба 928 нафар зан ёрии ҳуқуқӣ, ба 545 нафар ёрии равонӣ ва ба 874 нафар ҳимоятгар (адвокатҳо) хизмати ройгон расонида шуд. Аз ҳама муҳим, тибқи фармони Президенти ҷумҳурӣ «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» «Барномаи тарбия, хоста гирифтани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занҳои боистеъдод барои солҳои 2007 – 2015» шумораи занҳои ба корҳои роҳбарикунанда пешбаришуда афзоиш ёфт. Ба гуфти С. Тағоева, дар айни замон шумораи умумии занҳое, ки дар сохторҳои давлатӣ фаъолият доранд, ба 4 ҳазору 493 нафар расидааст, ки он 24, 8 фоизи кадрҳои роҳбарикунандаро ташкил медиҳад. Кумита дар ҳамкорӣ бо Институти такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ ба курсҳои таълимии «Зан — роҳбар» 54 нафар зани болаёқатро, ки дар сохторҳои гуногуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ фаъолият мекунанд, ҷалб намуд. Он чи ки имрӯз боиси норозигии атрофиён гардидааст, ахлоқи косташудаи як қисм духтарони ноболиғ аст, ки бо баъзе сабабҳо аз ҳамсолони худ қафо мондаанд. Чизи дигаре, ки боиси нигаронӣ гардидааст, зиёд шудани шумораи занҳои талоқшуда мебошад, ки қисми зиёди онҳо соҳиби фарзандони ноболиғ мебошанд. Аммо гуфта нашуд, ки ҳоло Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ барои рафъи ин ҳодисаҳои номатлуб чӣ нақшаеро рӯи кор овардааст. Тавассути бонкҳои ҷумҳурӣ барои рушди соҳибкорӣ ва кам кардани шумораи занони бекор 519 млн. сомонӣ ҷудо гардид ва садҳо зан ба корҳои соҳибкорӣ ва гендерӣ фаро гирифта шуданд,- таъкид шуд дар нишасти матбуотӣ.

Январь 24, 2012 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт