«Заршохаҳои ишқ»-и Адиба

Январь 17, 2012 15:52

Душанбе, 17 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Нашриёти «Адиб» маҷмӯаи нави шеърҳои шоираи ҷавону умедбахш Адибаи Азизро таҳти унвони «Заршохаҳои ишқ» аз чоп баровард. Дар маҷмӯа шеърҳои ба тозагӣ эҷоднамудаи шоира, ки бозгӯ ва таҷассумкунандаи сарнавишт ва рӯзгори пурпечутоби муаллифи маҷмӯа аст, гирд оварда шуда, аз тахайюлоти рангин ва ҷаҳонбинии фарохи Адиба шаҳодат медиҳанд. Мавзӯи шеърҳои шоира ишқу муҳаббат, садоқат ба модар- ватан, танҳоӣ, ғурбат, муборизаи зан дар роҳи дастёбӣ ба саодат ва рӯзгори осудаю хуш ва дигар эҳсосоти наҷиби инсонӣ буда, ҷанбаи иҷтимоӣ доранд. Расмҳои офаридаи рассоми чирадаст Валерий Манин, ки дар поёни ҳар як шеъри маҷмӯа ҷой дода шудааст, таҷассумгари мавзӯю мӯҳтавои шеърҳои шоира аст. Адибаи Азиз 33 сол дошта, дастпарвари факултаи рӯзноманигорӣ ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Вай аз синни даҳ солагӣ ба эҷоди шеър шурӯъ намуда, нахустин маҷмӯаи шеърҳояш панҷ сол муқаддам –соли 2007 бо номи «Сад барги ҳиҷрон» чоп шудааст. Инчунин солҳои 2008-2009 маҷмӯаҳои шеърҳои дигари шоира таҳти унвони «Паррандаҳои қафасӣ» ва «Тулӯъ дар бандар» дар Душанбе ва Маскав нашр гардидаанд. Дар айни замон Адибаи Азиз аспиранткаи шӯъбаи адабиёти муосири Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ буда, рисолаи илмиаш ба таҳқиқи ашъори Бозор Собир, шоири шинохтаи тоҷик бахшида шудааст. Бояд тазаккур дод, ки чанде пеш дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо ҳузури чеҳраҳои шинохтаи аҳли адаби кишвар маҳфили адабӣ барпо гардид, ки дар он маҷмӯаи тозанашри Адибаи Азиз- «Заршохаҳои ишқ» муаррифӣ гардид. Иштирокдорони маҳфил чопи маҷмӯаи «Заршохаҳои ишқ»-ро бо фарогирии мавзӯъоти иҷтимоияш падидаи наве дар шеъри муосири тоҷик арзёбӣ карданд.

Январь 17, 2012 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд