10 феврал — Рӯзи кормандони Хадамоти дипломатии Русия
Душанбе, 9 феврал. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – 10 феврал дипломатҳои Русия иди касбии худ — Рӯзи кормандони дипломатиро ҷашн мегиранд.Имсол кормандони Хадамоти дипломатии Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маротибаи даҳум иди касбии худро таҷлил менамоянд. Таърихи дипломатияи Русия решаҳои қадимӣ дорад. Ҳоло соҳаҳои нав ба нави муносибатҳои байналмилалӣ бо назардошти ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироии Русия бо сиёсату иқтисодиёти ҷаҳонӣ ба бахши фаъолияти дипломатӣ шомил мегарданд.Мувофиқи анъана дар Рӯзи кормандони дипломатӣ дар Сафорати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон барои намояндагони корпуси дипломатии муқими ҶТ, сохторҳои давлатӣ ва васоити ахбори омма маҷлиси қабул ороста мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






