100 ҷавони муҳоҷир соҳиби шаҳодатнома мегардад
Душанбе, 29 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имрӯз дар китобхонаи Фонди марказии «Русский-мир»-и назди Донишгоҳи славянии Русияю Тоҷикистон маросими супоридани шаҳодатномаҳо доир ба омӯзиши забони русӣ ва тайёрии касбӣ ба хатмкунандагони курсҳои кӯтоҳмуддат баргузор мегардад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Ёдовар мешавем, ки чанде пеш бо ташаббуси Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Федеролии Русия дар Тоҷикистон омӯзонидани 100 нафар ҷавони муҳоҷири меҳнатӣ барои пайдо намудани касбу ихтисоси зарурии бозори меҳнат ва забони русӣ ба анҷом расид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






