100 – солагии матбуоти тоҷик таҷлил мешавад
Хоруғ, 27 феврал. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Дар машварате, ки дар ҳузури муовини аввали раиси вилоят Исмоил Орифшоев бо иштироки кормандони масъули дастгоҳи раиси вилоят ва роҳбарони воҳидҳои сохторҳои марбутаи вилоят доир гардид, ҷараёни омодагӣ ба Рӯзи матбуоти тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифт. Исмоил Орифшоев иброз дошт, ки матбуоти тоҷик ҷузъи тамаддуну фарҳанги мардуми мо маҳсуб ёфта ва имсол 100 – сола мешавад. 100 сол пеш, 11 марти соли 1912, аввалин шумораи рӯзномаи тоҷикӣ бо номи «Бухорои шариф» нашр гардида, ба рушди давлатдории тоҷикон ва таъриху фарҳанги онҳо нақши хоса гузошт. Тавре мудири шӯъбаи рушди иҷтимоиёт ва кор бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят Ҷонибек Қозибеков иттилоъ дод, барои таҷлили иди Наврӯз низ нақшаи мушаххас рӯи кор омадааст. Тибқи ин нақша дар шаҳри Хоруғ роҳандозӣ намудани ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки рӯзноманигорон, намояндагони ҳамаи табақаҳои ҷомеа, ҳамчунин чорабиниҳои фарҳангӣ дар назар аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






