Ғолибони озмуни «Турнаҳо дар осмони Русия»

Февраль 23, 2012 16:15

Душанбе, 23 феврал. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Дар фестивал – озмуни дуюми байналмилалии суруду ашъор таҳти унвони «Турнаҳо дар осмони Русия», ки аз 18 то 20 феврал дар шаҳри Маскав баргузор гардид, намояндагони 10 кишвари аъзои ИДМ, аз ҷумла намояндагони Тоҷикистон иштирок доштанд.Аз ҷониби Тоҷикистон дар озмун Манучеҳр Раҳмонов, Комрон Содиқов, Темур Гезаитов ва Алишер Хушвахтов ширкат доштанд. М.Рҳмонов ва К.Содиқов донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов мебошанд.Дар номинатсияи «Ватанро васф мекунем» ҷойи аввалро донишҷӯи Консерваторияи миллии Тоҷикистон Комрон Содиқов ишғол намуд. Дар номинатсияи «Суруши Зафар дар қалби мост» Манучеҳр Раҳмонов ҷойи сеюмро касб намуд.Мукофоти махсуси ҳакам дар номинатсияи «Дӯстие, ки моро зидди фашизм муттаҳид сохт» насиби шогирди мактаби бачагонаи санъати ноҳияи Варзоб Чеҳрон Салимов гардид. Раиси Кумитаи тадорукотии озмун, ректори Донишгоҳи давлатии фарҳангу санъати Маскав, профессор, доктори илми фалсафа, Ходими шоистаи илми ФР Рамазон Абдулатифов ғолибони озмунро муборакбод намуд. Ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон Раҷабмад Амиров ба раиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода Давлатшо Гулмаҳмадов ва директори фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Р. Холиқовро барои дастгирии донишҷӯён ҷиҳати иштирок дар ин фестивал — озмуни бонуфузи байналмилалӣ изҳори миннатдорӣ кард.

Февраль 23, 2012 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд