Қариб 200 кас дар барфтӯда банд шудааст
Душанбе, 21 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Шоми 20 феврал қариб 200 нафар, 13 мошини сабукрав ва 70 мошини боркаш дар барфтӯдаи роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд банд шуд. Дар ин бора котиби матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати ҶТ Ориф Нозимов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.Мувофиқи суханони мавсуф, субҳи имрӯз ҳукумати кишвар ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда барои шахсоне, ки дар барфтӯда банд шудаанд, маводи зарурии ғизоӣ фиристоданд. Алҳол 9 адад техникаи барфғундор роҳи мошингардро тоза мекунад. Ҳамзамон гурӯҳи махсуси корӣ ташкил ёфтааст, ки ба он намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда шомиланд. Тавре Ориф Нозимов зикр намуд, мувофиқи маълумоти навтарин, дар ин роҳи мошингард касе ҳалок нашуда ва осеб надидааст.Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ аз шаҳрвандон боисрор хоҳиш менамояд, ки дар давоми ду рӯзи наздиктарин аз сафар тавассути ин роҳ худдорӣ кунанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






