Қарзҳо мувофиқи мақсад истифода мешаванд

Февраль 22, 2012 10:40

Хоруғ, 22 феврал. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Ба манзури дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии бахши воқеии иқтисодиёт, рушди соҳибкории хурду миёна ва дар заминаи ин фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ филиали Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон («Амонатбонк») дар соли 2011 – ум ба 3571 нафар шаҳрвандон ба маблағи 21 миллиону 997 ҳазор сомонӣ қарз додаст.Соҳибкорони маҳаллӣ бо истифода аз қарзҳои филиали «Амонатбонк» кӯшиш мекунанд, ки ба рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ҳисса гузоранд. Масъалан, соҳибкор Орифшо Қурбоншоев ният дорад, ки бо бунёди маҷмаа иборат аз меҳмонхона барои қабули 30 нафар дар як маврид ва тарабхонаи дорои 200 ҷойи нишаст барои зиёда аз 20 нафар сокинони маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ фароҳам орад.Тарабхонаи «Шуғнон» воқеъ дар маркази вилоят, ки бо тарҳи мемории тоҷикони минтақаи кӯҳистон бунёд шудааст, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки қарзҳои филиали «Амонатбонк» мувофиқи мақсад истифода мешаванд.

Февраль 22, 2012 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад