Ҳаракат дар роҳи мошингарди Душанбе — Хуҷанд барқарор шуд
Душанбе, 6 феврал. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ). – Ҳаракат дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд, ки бинобар боришоти сахти барф ва фуромадани тарма ҳаракати нақлиёт дар он қатъ шуда буд, имрӯз барқарор гардид. Дар ин бора аз Вазорати нақлиёти ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Мувофиқи суханони манбаъ, рӯзҳои охир, хусусан рӯзҳои истироҳат, дар нақбҳои «Анзоб», «Истиқлол» ва «Шаҳристон», ҳамчунин дар қитъаи роҳҳое, ки ҷумҳуриро бо кишварҳои ҳамсоя пайваст мекунанд, боришоти сахти барф ва фуромадани тарма ба қайд гирифта шуд. «Ниҳодҳои бахши роҳи Вазорати нақлиёти ҶТ барои поккории қитъаҳои хавфноки роҳ ва ҳаракати мӯътадили нақлиёти автомобилӣ ҳамаи техника ва кормандони заруриро сафарбар намудаанд», — зикр намуд манбаъ.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






