Ҳавои сарди сибирӣ барфи шиддатнок овард

Февраль 3, 2012 16:34

Душанбе, 3 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- То 4 феврал дар водиҳои ҷумҳурӣ барфи шиддатнок борида, ҳаво сард мегардад,- иттилоъ медиҳад Парвина Саидҷамолова, мудири шӯъбаи пешгӯии боду ҳавои Муассисаи давлатии обуҳавошиносии кишвар. Ӯ афзуд, ки 3 феврал бо ворид гардидани ҳавои гарм аз Афғонистону Эрон ва Туркманистон тавассути қисмати ҷануби мамлакатамон дар ҷумҳурӣ борон борид. Баъдан бо вазидани ҳавои сарди сибирӣ борон ба барфи шиддатнок мубаддал гардида, ҳарорати ҳаво поин фаромад. Ҳаво дар ҷумҳурӣ аз 5 то 8 феврал бебориш, вале сард боқӣ мемонад. Ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон рӯзона -1-4, шабона -8-13 дараҷа, дар вилояти Суғд рӯзона 4-9, шабона 13-16 дараҷа сард мешавад. Дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзона -9-14, шабона -12-17 дараҷа сард мешавад. Дар пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе ҳарорати ҳаво рӯзона 4-6, шабона 11-13 дараҷа хунук хоҳад буд.  Парвина Саидҷамолова афзуд, ки бо қатъи бориши барфи шиддатнок ва сард гардидани ҳаво дар роҳҳои кишвар эҳтимолан яхбандӣ ба вуҷуд меояд. Аз ин рӯ, аз шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиётӣ хоҳиш карда мешавад, ки аз сафар ба минтақаҳои дури кишвар худдорӣ намоянд.

Февраль 3, 2012 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад