Ҳавои сарди сибирӣ барфи шиддатнок овард
Душанбе, 3 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- То 4 феврал дар водиҳои ҷумҳурӣ барфи шиддатнок борида, ҳаво сард мегардад,- иттилоъ медиҳад Парвина Саидҷамолова, мудири шӯъбаи пешгӯии боду ҳавои Муассисаи давлатии обуҳавошиносии кишвар. Ӯ афзуд, ки 3 феврал бо ворид гардидани ҳавои гарм аз Афғонистону Эрон ва Туркманистон тавассути қисмати ҷануби мамлакатамон дар ҷумҳурӣ борон борид. Баъдан бо вазидани ҳавои сарди сибирӣ борон ба барфи шиддатнок мубаддал гардида, ҳарорати ҳаво поин фаромад. Ҳаво дар ҷумҳурӣ аз 5 то 8 феврал бебориш, вале сард боқӣ мемонад. Ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон рӯзона -1-4, шабона -8-13 дараҷа, дар вилояти Суғд рӯзона 4-9, шабона 13-16 дараҷа сард мешавад. Дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзона -9-14, шабона -12-17 дараҷа сард мешавад. Дар пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе ҳарорати ҳаво рӯзона 4-6, шабона 11-13 дараҷа хунук хоҳад буд. Парвина Саидҷамолова афзуд, ки бо қатъи бориши барфи шиддатнок ва сард гардидани ҳаво дар роҳҳои кишвар эҳтимолан яхбандӣ ба вуҷуд меояд. Аз ин рӯ, аз шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиётӣ хоҳиш карда мешавад, ки аз сафар ба минтақаҳои дури кишвар худдорӣ намоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






