Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад

Февраль 16, 2012 13:59

Ҳисор, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ғамхории ҳаматарафа зоҳир менамоянд. Ин анъанаи некро,- тавре ки Рустам Ёқубов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Ҳисор иброз дошт,- мақомоти иҷроия ва баъзе роҳбарони ҷамоату хоҷагиҳои деҳқонӣ низ идома медиҳанд.Аз ноҳияи Ҳисор дар ҷабҳаҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиёда аз 10 ҳазор нафар ширкат доштанд. Имрӯз аз он теъдоди бузург ҳамагӣ 47 нафар мондаанд. Хушбахтона, 37 нафар пирони рӯзгордида, ки дар ақибгоҳ хизмат кардаанд, чун гули сари сабади маҳфилу ҷамъомадҳо маслиҳатгари ҷавононанд. Аз ҷониби мақомоти иҷроия ва раёсати «Тоҷикматлубот» барои зимистонгузаронӣ ба маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ 9 ҳазору 750 сомонӣ маблағ барои дастрас намудани ангиштсанг ҷудо гардид. Ба хотири қадрдонӣ мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 68-и деҳаи Қизилқишлоқ ба номи Абдулҳай Орифов, ки дар ҷараёни суди Нюрнберг (ҷараёни суди ҷинояткорони фашизм) иштирок дошт, гузошта шуд.

Февраль 16, 2012 13:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд