Ҳиддинк розӣ шудааст, ки ӯро Гус Сулаймонович гӯянд
Душанбе, 21 феврал. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Гус Ҳиддинк, ки ҳафтаи гузашта ба вазифаи сармураббии дастаи «Анҷи»-и Мағочқалъа пазируфта шуд, розӣ шуд, ки ба ӯ чун Гус Сулаймонович муроҷиат кунанд. Пештар ҳангоми кор бо дастаи мунтахаби Русия ба ӯ чун Гус Иванович муроҷиат мекарданд,- хабар медиҳад рӯзномаи «Советский спорт». Ҳиддинк гуфтааст, ки ба ҳама лақабҳо ӯ муносибати хуб дорад ва «касе чӣ тавре ки хоҳад, ба ман ҳамон тавр муроҷиат кунад». Ҳамзамон номи Гус Сулаймоновичро гирифтани Ҳиддинк аз номи президенти клуби «Анҷи» Сулаймон Каримов аст. Ёдрас мешавем, ки Ҳиддинк 17 феврал шартномаашро бо ин клуб ба мӯҳлати ним сол ба имзо расонид.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






