Ҳифзи осори гаронбаҳо
Душанбе, 20 феврал.(АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Миқдори дастнависҳои дар шакли сиддӣ нусхабардоришуда дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 5 ҳазору 680 адад ва дар шӯъбаи дастнависҳои хаттии Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ба 2 ҳазору 500 нусха расид,- иброз дошт зимни сӯҳбат ёвари президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Бобоев. Соли 2007 зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари Аморати Муттаҳидаи Араб зарурати ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмию техникӣ байни Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази фарҳангӣ ва мероси хаттии Ҷумъа– ал- Маҷиди Аморати Араб бо ибтикори шахсии Сарвари давлат ба имзо расид. Бояд гуфт, ки Ҷумъа-ал-Маҷид яке аз шахсиятҳои машҳури Аморати Араб буда, дар бахши сиёсату иқтисод ва илму фарҳанг соҳибэҳтиром аст. Ин маркази фарҳангӣ дар шаҳри Дубай таъсис ёфта, асосан барои наҷот додани нусхаҳои хаттӣ ба алифбои арабиасос ва умуман нусхаҳои хаттии дигар, тармим ва эҳё гардондани онҳо, нигаронида шудааст. Алҳол 28 лоиҳаи ин марказ дар мавриди омӯзиш, нусхабардорӣ, тармим ва эҳёи нусхаҳои хаттӣ дар кишварҳои гуногуни дунё амалӣ мегардад. Дар асоси муқаррароти санади имзошуда аз моҳи апрели соли 2007 Маркази фарҳангӣ ва мероси хаттии Ҷумъа-ал-Маҷид ба Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти нигаҳдорӣ ва тармими дастхатҳо, инчунин ҷиҳозҳои нусхабардории рақамиро ирсол намуд, ки ин ёрии бебозгашти техникии ин марказ мебошад.Алҳол дар сохтори Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи улум, озмоишгоҳи тармими дастхатҳо пурсамар фаъолият дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






