Ҳуқуқҳои соҳибмулкон набояд поймол гардад

Февраль 13, 2012 16:10

Душанбе, 13 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаи татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар қисмати роҳҳои протоколии ҳалқаи якуми шаҳр: кӯчаи С.Айнӣ ва хиёбони Рӯдакӣ дар ҷаласаи шаҳрдорӣ, ки 13 феврал дар ҳузури Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси шаҳри Душанбе баргузор гардид, баррасӣ шуд.  Зимни муҳокимаи масъала, ки беш аз як сол корҳои фаҳмондадиҳӣ тибқи талаботи қонунгузорӣ аз ҷониби сохторҳои масъули шаҳрдорӣ бо соҳибмулкони иншоот анҷом дода шудааст, М. Убайдуллоев моҳият ва зарурати тарҳрезии амали мазкурро ба соҳибмулкон талқин намуда гуфт, ки зимни роҳандозии ин тадбир набояд ҳуқуқҳои соҳибмулкон поймол гарданд ва манфиати онҳо дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар бояд ҳифз карда шавад. Мавсуф афзуд, ки дар марҳилаи феълӣ соҳибмулкон имкон доранд аз ҳисоби маблағҳои худӣ ё ҷалби сармоягузорони интихобкардаашон бунёди иншооти тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар минтақаҳои барои сохтмони беш аз нӯҳ ошёна пешбинигардидаро дар асоси лоиҳаҳои бо шаҳрдорӣ ба мувофиқарасида амалӣ созанд. Дар сурати надоштани имкониятҳои молиявӣ онҳо ҳуқуқ доранд, ки бар ивази иншооташон арзиши бозории онро мутобиқ ба муқаррароти қонунгузории амалкунанда аз ҳисоби фармоишгар, ё худ дар асоси шартномаи тарафайн миёни фармоишгар ва соҳибмулк аз ҳисоби иншооти бунёдшаванда минбаъд иншоот ё квартираи кӯчонидаашонро баробар ба масоҳати мавҷуда дастрас намоянд.Бо назардошти пешниҳодҳо муқаррар шуд, ки дор ба интихоби тасмими минбаъда соҳибмулкон имкон доранд дар мӯҳлати як ҳафта масъаларо амиқ баррасӣ намуда, перомуни тарзҳои озодона интихобкардаи худ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои масъули шаҳрдорӣ маълумот ирсол доранд.14.30.

Февраль 13, 2012 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!