Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар шаҳри Панҷакент
Душанбе, 22 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар толори омӯзишгоҳи омӯзгории ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки прокурори шаҳри Панҷакент Шӯҳрат Музаффаров ҷаласаро оғоз намуда, аз вазъи иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза кард. Сипас бо донишҷӯёну омӯзгорон доир ба масаъалаҳои кушода набудани сарҳади миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон, дидбонгоҳи Саразм, суст ба роҳ мондани фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ доир ба татбиқи Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», рушди соҳаи варзиш дар байни духтарон, яъне ташкили дастаҳои волейбол ва баскетболи духтарона, ҷалби бештари занону духтарони болаёқат ба вазифаҳои роҳбарикунанда суолу ҷавоб доир гардид. Ҷамъомади мазкур бо мақсади пешгирии ҷинояткорӣ, фаҳмонидани қонунҳои амалкунанда гузаронида шуд. Чунин чорабиниҳо дар дигар ҷамоату деҳот ва маҳаллаҳаи шаҳр мувофиқи нақшаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомот доир хоҳад гашт. Дар машварат зиёда аз 350 нафар донишҷӯю омӯзгор иштирок намуда, суолу ҷавоб тариқи шабакаи электронии омӯзишгоҳ сурат гирифт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






