Ҷинояткор дастгир шуд
Душанбе, 20 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Дар ҷараёни амалиёти фаврӣ дар ҳудуди пойтахт ҳодисаи навбатии хилофи қонун нигоҳ доштани аслиҳа ошкор гардид.Тавре аз маркази матбуоти ВКД ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар чорраҳҳаи Саъдии Шерозӣ ва Ҳофизи Шерозӣ аз автомобили ронандаи сокини 32 солаи шаҳри Душанбе таппончаи пневматӣ дарёфт шуд.Маълум гардид, ки шахси дастгиршуда иҷозати бо худ гирифтани ин аслиҳаро надоштааст. Мувофиқи маълумоти ВКД ҶТ, соли 2011 – ум 1 ҳазору 63 адад аслиҳа, аз ҷумла 184 автомат, 156 таппонча, 131 тӯфангу карабини шикорӣ ва ғайра мусодира гардид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






