Абрамович: шарт барои Андре Виллаш-Боаш
Душанбе,10 феврал. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Соҳиби клуби футболи «Челси» бизнесмени рус Роман Абрамович дар назди сармураббии даста Андре Виллаш-Боаш вазифа гузоштааст, ки дастаро барои иштирок дар бозиҳои Ҷоми Аврупо дар мавсими соли 2012/2013 барорад. Дар сурати иҷро нагардидани ин мақсад Андре Виллаш-Боаш аз вазифа сабукдӯш хоҳад шуд. Абрамович аз ҳунарнамоии даста дар мавсими имсола қаноатманд нест ва барои он, ки «Челси» дар мавсими оянда дар бозиҳои Лигаи Аврупо бозӣ кунад, бояд дар чемпионати Англия зинаи то 4-ро ишғол намояд.Андре Виллаш-Боаши 34- сола соли гузашта бо «Челси» шартномаи худро ба мӯҳлати се сол бастааст ва пештар дар дастаҳои «Порту» ва «Академика» ба ҳайси мураббӣ фаъолият карда, соҳиби унвони чемпиони Португалия, соҳиби Ҷом ва Ҷоми бузург, инчунин Ҷоми чемпионҳои Аврупо мебошад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






