Афзоиши парранда дар Мастчоҳ
Суғд, 6 феврал. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).-Дар фабрикаи паррандапарварии ноҳияи Мастчоҳ баъди ворид намудани зоти нави парранда истеҳсоли тухм зиёд шуд. Зоти нави парранда, ки «хайфекс» ном дорад, аз Федератсияи Русия оварда шуда, сермаҳсул мебошад.Агар солҳои пешин дар фабрика 2800 парранда мавҷуд ва 7-8 нафар бо ҷои кор таъмин бошанд, баъди вуруди зоти нав дар соли 2011 шумораи паррандаҳо ба 61 ҳазор расида, 70 нафар бо ҷои кор таъмин гардиданд.Истеҳсоли тухм ба 5 миллиону 500 ҳазор расид. Ин амал ба равнақи бештари соҳаи паррандапарварӣ дар ноҳияи Мастчоҳ боис гардид.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






