Аз нафақахӯрон қарздоранд

Февраль 20, 2012 09:25

Душанбе, 20 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти «Амонатбонк»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, маблағи аз Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ моҳи январи соли 2012 ба суратҳисоби «Амонатбонк» гузаронидашуда 94 млн. 582,2 ҳазор сомониро ташкил додаст. Маблағи барои нафақа ва ёрдампулӣ пардохташуда бо бақияи аввали сол (25 млн. 614,8 ҳазор сомонӣ ) 106 млн. 823,8 ҳазор сомониро ташкил дод.Шумораи нафақахӯрон то 1 –уми феврали соли 2012 ба 553 ҳазору 182 нафар расидааст.Агар маблағи гузаронидашудаи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа моҳи январи соли 2011 дар ҷумҳурӣ 45 млн. 210 ҳазор сомониро ташкил дода бошад, пас он дар моҳи январи соли 2012 ба 94 млн. 582,4 ҳазор сомонӣ расидааст, ки ин аз боло бурдани сатҳи нафақаи нафақахӯрони ҷумҳурӣ дар як соли охир гувоҳӣ медиҳад. Моҳи январи соли ҷорӣ пардохти нафақаю ёрдампулӣ аз ҷониби муассисаҳои «Амонатбонк» 106 млн.823,8 ҳазор сомониро ташкил дод, ки 64, 3 фоизи он қарзи нафақаи вазорату идораҳо дар соли 2011 мебошад.

Февраль 20, 2012 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад