Бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон
Душанбе, 1 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиалло Девонаев бо директори Агентии омори назди Президенти ҶТ Бахтия Муҳаммадиева ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Тоҷикистонро «Дар бораи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷа» муҳокима намуданд. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират иттилоъ доданд, ки зимни мулоқот тарафҳо доир ба ташкили гурӯҳи корӣ барои ба роҳ мондани назорати қатъӣ ва дақиқи омадурафти муҳоҷирони меҳнатӣ дар нуқтаҳои наздисарҳадӣ, истгоҳҳои роҳи оҳан ва ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






