Баҳоуддин чанд бастаи мухаддирдорро фурӯ бурд?
Душанбе, 7 феврал. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Кормандони гумруки «Кӯлоб»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон боз як кӯшиши интиқоли маводи мухаддирро ошкор намуданд. Дар дидбонгоҳи гумрукии фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб ҳангоми тафтиши мусофирони хатсайри рақами 958 самти Кӯлоб- Маскав сокини шаҳри Кӯлоб Алимов Баҳоуддин Тоҷиевич, соли таваллудаш 1980 боздошта шуд. Пас аз ташхиси тиббӣ маълум гашт, ки номбурда 124 адад бастачаи махсуси пур аз маводи мухаддирро фурӯ бурдааст. Маводи мухаддир аз 480 грамм маводи сахттаъсири героин иборат будааст. Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, барои идомаи тафтишот ба Прокуратураи нақлиёти вилояти Хатлон ирсол карда шуд. Бояд гуфт, ки ба ҷуз ҳодисаи мазкур дар давоми бештар аз як моҳи соли ҷорӣ аз тарафи раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ 3 ҳодисаи интиқоли маводи нашъаовар ошкор гардида, вазни умумии маводи мухаддираи ошкоргардида 1 килову 729 граммро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






