Ба истиқболи Рӯзи Артиши миллӣ
Хоруғ, 20 феврал. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Дар маркази маъмурии ВМК дастаҳои мунтахаби варзишии қисмҳои низомии мустақар дар шаҳри Хоруғ аз Вазорати мудофиа, Кумитаи амнияти миллӣ, Ситоди ҳолатҳои фавқулодда, Раёсати корҳои дохилии вилоят ва қувваҳои марзӣ ҷамъ омаданд. Низомиёнро аз номи Вазорати мудофиа ва раиси вилоят комиссари ҳарбии вилоят Зафар Давлатов шодбод гуфт.Сипас дар чаҳорчӯбаи чорабиниҳои варзишӣ мусобиқот аз рӯи намудҳои шашкаю шоҳмот, волейбол, гӯштини тарзи миллӣ оғоз ёфт. Баъд аз натиҷагирӣ дар маросими ботантанаи Рӯзи Артиши миллӣ беҳтаринҳо бо мукофотҳои арзанда қадр карда мешаванд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






