Ба Кодекси ҷиноятии кишвар тағйирот ворид мешавад
Душанбе, 27 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру илова ворид мешавад. Масъалаи мазкур 27 феврал дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ баргузор гардид, баррасӣ шуд. Назар ба иттилои Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон мақсад аз пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур ба парлумон иҷрои барномаи ислоҳоти судию ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2013, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 – юми январи соли 2011 тасдиқ шудааст, ба шумор меравад. Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади беҳтар гардонидани фаъолияти низоми адолати судӣ таҳия гардидааст. Тибқи лоиҳаи қонуни мазкур, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ ҷиҳати танзими мӯҳлат ва тартиби баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ, таъмини мустақилияти бештари судяҳо ва такмили фаъолияти марҳилаи судӣ ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.Бо қабули лоиҳаи Қонуни мазкур минбаъд судя парвандаҳои ҷиноятӣ доир ба категорияҳои ҷиноятҳои вазнинро низ танҳо баррасӣ менамояд. Ҳамзамон доираи ваколатҳои судя ҳангоми гузаронидани мурофиа бо тартиби соддакардашудаи тафтишоти судӣ васеъ мегардад ва ба суд имконият дода мешавад, то дар мурофиа пешбурди парвандаи ҷиноятиро дар ҳолатҳое, ки Кодекси мазкур пешбинӣ намудааст, қатъ намояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






