Ба Тоҷикистон ёрии башардӯстона расид
Душанбе, 15 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи январ ба Тоҷикистон аз 17 мамлакати хориҷи дуру наздик ба маблағи 50 млн. 520 ҳазор доллар ёрии башардӯстона ворид гардид.Ба иттилои манбаъ, дар моҳи январ ба миқдори 2 ҳазору 524 тонна молу маҳсулот ворид шудааст. Аз ҷумла, ба миқдори 2 ҳазору 300 тонна орд, 41 тонна равғани растанӣ, ба маблағи 3 млн. 108 ҳазор доллар доруворӣ, ҳамчунин маҳсулоти озуқа, кӯрпаю болишт, дастгоҳҳои тиббӣ, асбобҳои маишии электронӣ, таҷҳизоти компютерӣ ва дигар маводи зарурии рӯзгор ворид шудааст.Аз ҷумлаи мамлакатҳои ёрирасон таносуби бештар аз рӯи арзиши ёрии башардӯстона ба Миср -41,6 фоиз, Нидерландия -14,8, Эрон -7,3, Дания -6,5, Малайзия-2,4, Австралия – 1,6 ва ба Латвия 1,4 фоиз рост меояд.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






