Барқияи шодбошии Эмомалӣ Раҳмон ба Маҳмуди Аҳмадинажод

Февраль 13, 2012 08:28

Душанбе, 13 феврал. (АМИТ «Ховар»).- 11 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст: Ҷаноби Олӣ Шумо ва мардуми шарифи Эронро бо солгарди ҷашни инқилоби исломӣ самимона табрику таҳният мегўям. Ҳукумат ва ҷомеаи Тоҷикистон робитаҳои фаъоли гуногунарсаро бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамеша пураҳамият ва арзишманд медонанд. Гузаштаи пурифтихори таърихӣ, пайвандҳои фарҳангӣ, забонӣ, нажодӣ ва динии муштарак аз муҳимтарин омилҳоянд, ки Тоҷикистону Эронро дар як ҳавзаи тамаддунӣ қарор медиҳанд ва заминаи заруриро барои ҳамгироии бештар фароҳам месозанд. Зимни равобити пурсамар ва густардаи иқтисодӣ дар зарфи даҳ соли охир ҳаҷми умумии гардиши тиҷорати хориҷӣ миёни Тоҷикистону Эрон панҷ баробар зиёд шуда, сармоягузориҳои мустақими эронӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ба маротиб афзудаанд. Дар ин росто натиҷаҳои сафари расмии Шумо, ҷаноби Олӣ, ба Тоҷикистон дар аввали моҳи сентябри соли гузашта ва тавофуқоти тозае, ки дар мулоқоти сатҳи олӣ ҳосил шудааст, аз оғози марҳалаи нави тавсеаи равобити густурдаи кишварҳои мо башорат медиҳанд. Бо умеди тавсеаи рўзафзуни муносиботи ҳасана ва бо ибрози табрикоти муҷаддад ба Шумо, ҷаноби Олӣ, тансиҳатию комёбиҳо ва ба мардуми Эрон амну субот, саодату шукуфоӣ орзумандам.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Февраль 13, 2012 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд