Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазири Япония
Душанбе, 3 феврал. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Сарвазири Япония Йошихико Нода барқияи табрикотӣ ирсол кард, ки дар он аз ҷумла омадааст: «Ҷаноби Олӣ, ба муносибати санаи муҳими ҳамкориҳои замони муосири ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония — 20 — умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ бо камоли қаноатмандӣ ба Шумо табрикоту таманниёти самимии худро ирсол медорам.20 сол қабл 2 — юми феврали соли 1992, баъди ба даст овардани соҳибистиқлолии Тоҷикистон, бо ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатӣ мамлакатҳои мо ба рушду густариши ҳамкориҳои сатҳи байналхалқӣ оғоз намуданд.Боиси қаноатмандист, ки муносибатҳои Тоҷикистону Япония дар сатҳи рушди фаъол қарор дошта, дар ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба марҳилаи сифатан нав мебароянд.Дар ин робита мехоҳам фаъолияти судманди Агентии Япония оид ба ҳамкории байналхалқӣ ва талошҳои кишварҳоямонро дар чаҳорчуби муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония» махсус қайд намоям. Мо ба саҳми Япония барои татбиқи лоиҳаҳои ҳаётан муҳими кишварамон дар бахши гуманитарӣ, иҷтимоӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ ва дигар соҳаҳо баҳои баланд медиҳем. Ҳавасмандии амиқамонро дар мавриди бо мазмуну мӯҳтавои нав ғанӣ гардонидани муносибатҳоямон иброз дошта, умедворам, ки Япония дар густариши онҳо нақши фаъол хоҳад бозид.Итминони комил дорам, ки бо талошҳои якҷояамон мо метавонем сатҳу сифати ҳамкориҳоямонро ба манфиатҳои ҳар ду ҷониб мутобиқ созем.Бо истифода аз фурсати муносиб ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломатӣ, комёбӣ ва ба халқи ба мо дўсти Япония муваффақият ва шукуфоӣ таманно менамоям».Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






