Барнома муваффақона амалӣ мегардад
Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховр», Лаззат Диловарзод).- Корхонаҳои соҳаи обтаъминкунӣ ва канализатсия доир ба татбиқи «Барномаи беҳтар намудани вазъи таъмини аҳолии ҷумҳурӣ бо оби тоза барои солҳои 2007 -2020», ки бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ шудааст, барои таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ дар шаҳрҳо ва марказҳои ноҳияҳо тадбир меандешанд,- гуфт директори кулли «Хоҷаги манзилию коммуналӣ» Алимурод Тағоймуродов ба мухбири АМИТ «Ховар».Дар доираи татбиқи барнома солҳои 2007 – 2010 ва соли 2011 барои шаҳру марказҳои ноҳияҳои ҷумҳурии воқеъ дар минтақаҳои хизматрасонии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» тибқи нақша бояд 7 млн. 413,8 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда мешуд, аммо дар асл дар доираи имконоти мавҷуда 4 млн. 933,1 ҳазор сомонӣ ё баробари 66,5 фоизи маблағи пешбинишуда ҷудо карда шудааст.—Дар иҷрои барномаи мазкур ва аз ҳисоби маблағҳои худӣ таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ саҳми корхонаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ёвон, Шаҳритӯс, Панҷ, Бобоҷон Ғафуров, Панҷакент, Чкалов, Қайроққум, Турсунзода, Ваҳдат, Рӯдакӣ Шаҳринав, Хоруғ ва ноҳияи Мурғоб назаррас аст,- афзуд А. Тағоймуродов.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






