Барномаи нави Хазинаи байналмилалии асъор
Душанбе, 22 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, дар доираи татбиқи барномаи «Механизми қарзи васеъ», ки Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) барои Тоҷикистон роҳандозӣ намудааст, 165 млн. доллар ҷудо гардидааст. Барномаи мазкур моҳи апрели соли 2009 аз ҷониби Шӯрои иҷроияи ХБА барои се сол (2009 -2012) қабул шуда буд. Мақсад аз таъсиси барнома рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Дар доираи татбиқи барномаи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай 141 млн. доллари хазинаро ба даст оварда, маблағи боқимондаи барномаро, ки аз 24 млн. доллар иборат аст, моҳи апрели соли ҷорӣ дастрас мекунад. Аҳамияти ин маблағи қарзӣ аз он иборат аст, ки он барои истифодабарандагонаш бефоиз буда, ба мӯҳлати 10 сол пешбинӣ шудааст.Дар айни замон ҳайати ХБА дар шаҳри Душанбе қарор дорад. Ҳайати ХБА дар вохӯрие, ки бо вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода дошт, иттилоъ дод, ки ХБА барномаи нави худро моҳи апрели соли ҷорӣ оғоз мекунад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






