Баррасии масоили ҳамкорӣ бо Узбекистон дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон
Душанбе, 22 феврал. (АМИТ «Ховар»).-Имрўз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Муовини якуми сарвазири Узбекистон, вазири молияи ин кишвар Рустам Азимовро, ки барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба муайян кардани хатти сарҳади давлатии ду кишвар ба Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили вобаста ба муайяну мушаххас намудани хатти сарҳади давлатии миёни Тоҷикистону Узбекистон дар қитъаҳои баҳсноки он баррасӣ шуд.Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба маҷмўи масоили дигари вобаста ба муносиботи ҳамсоягӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвар гуфтугў сурат гирифт.Изҳори боварӣ карда шуд, ки тамоми масоили баҳсноки мавҷуда дар асоси ҳусни ҳамсоягӣ ва муносиботи дўстии бисёрасраи ду миллати бародар ҳалли мусбии худро меёбанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






