Баррасии масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ
Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Дар мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо Директори Бонки ҷаҳонӣ доир ба стратегия ва амалиёт дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Теодор Алерс ва Директори минтақавии бонки мазкур дар Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷа масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Оқил Оқилов изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон дар айни замон аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ як қатор лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар ҳоли татбиқ қарор доранд, ки асосан соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика ва обёрӣ, маориф, тандурустӣ ва бахшҳои давлатиро дар бар мегиранд. Ҳарчанд ҷараёни ҳамгироии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар сатҳи хуб қарор доранд, вале дар ин самт ҳанўз имконоту захираҳои истифоданашуда зиёданд,- таъкид кард Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов. Дар мулоқот изҳори боварӣ карда шуд, ки ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон суръати тоза гирифта, доираи ҳамкориҳои дуҷониба соҳаҳои дигари барои ҳар ду ҷониб афзалиятнокро фаро мегирад.








Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст






