Баррасии таҷдиди иқтидорҳои Қайроққум
Душанбе, 17 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Масоили вобаста ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди НБО-и Қайроққум зимни мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов бо раиси намояндагии Бонки таҷдид ва рушди Аврупо дар Тоҷикистон Улф Хиндстром ва бонкдори намояндагии мазкур Фирӯз Каттаев баррасӣ гардид.Дар ҷараёни мулоқот тарафҳо ҳалли масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаи мазкурро муҳокима намуда, баён доштанд, ки ҷиҳати ҳарчи тезтар мувофиқа намудан ва пазируфтани асосноккунии техникии иқтисодии лоиҳа тадбирҳои зарурӣ андешанд. Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди НБО-и Қайроққум ба рӯйхати лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2010 №280 тасдиқ шудааст, шомил мебошад ва татбиқи он аз ҳисоби Бонки таҷдид ва рушди Аврупо амалӣ хоҳад шуд.Ҳамзамон дар мулоқот ҷараёни татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – Турсунзода (сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон), ки аз ҳисоби маблағҳои грантиву қарзии Бонки рушди Осиё ва Бонки таҷдид ва рушди Аврупо маблағгузорӣ хоҳад шуд, баррасӣ гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






